Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Февраль 23, 2021 11:00

23.02.2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.

Мо ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бисту ҳашт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҳифзи истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон, ҳимояи сулҳу субот, манфиатҳои миллӣ, таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа ва волоияти қонун вазифаҳои бисёр пурмасъулият гузошта шудаанд.

Ман имрӯз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърихи қариб сӣ соли сипаришуда аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд.

Зеро артиши бисту ҳашт сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муназзаму муосир ва муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ бисёр мураккабу печида гардонидаанд, мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.

Маҳз бо дарназардошти чунин вазъ, дар Паёми имсолаи худ роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намудам, ки мунтазам баланд бардоштани маҳорату малака ва сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон тарбия кардани хизматчиёни ҳарбӣ, махсусан, афсарону сарбозони ҷавон, риояи ҳатмии интизоми хизматӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъмин намоянд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Зеро иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо то имрӯз дар дохили кишвар ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи низомиро тайёр кардем.

Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд.

Вобаста ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимми дигарро низ таъкид намоям. Дар ҷараёни омода кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ба обутоби ҷисмониву маънавӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, ҳисси ватандӯстӣ, одоби муошират ва дигар сифатҳои шахсиву ахлоқии кадрҳои оянда диққати ҷиддӣ диҳанд.

Чанд рӯз пештар бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардид ва ба як қатор қонунҳои соҳавӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати мудофиа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ки масъули татбиқи қонуни зикршуда мебошанд, вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки омӯзиши пешакии шаҳрвандони синни даъват дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои табобативу солимгардонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ ва омӯхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ба корҳои тарбиявӣ дар байни наваскарон, инчунин, омӯзиши таърихи бостонии халқи тоҷик, забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба рушди иқтисодиёт илова ба таъминоти боз ҳам беҳтари ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро густариш бахшида, барои зина ба зина беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии онҳо, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. То имрӯз садҳо нафар  низомиён – фарзандони бонангу номуси Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд ва мо ин иқдомро дар оянда низ идома медиҳем.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони бонангу номус ва далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ адо мекунанд ва 30 – солагии истиқлолу озодии Тоҷикистон – ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори солгарди бисту ҳаштуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ ва дар ҷодаи ҳифзи Ватани азизамон, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон рӯҳи қавӣ, иродаи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Февраль 23, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд