Тадбирҳои андешидашаванда натиҷа доданд, зеро дар Тоҷикистон сатҳи тамокукашӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сатҳи тамокукашӣ сол то сол коҳиш меёбад, ки ин натиҷаи тадбирҳои андешидашаванда мебошад, зикр карданд коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ). Дар Душанбе 23 феврал татбиқи Конвенсияи чорчӯбавии СУТ оид ба мубориза бо тамоку дар Тоҷикистон муҳокима шуд.
Дар ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда, меъёрҳои қонунгузорӣ: манъи тамокукашӣ дар биноҳои маъмурӣ, идораҳои корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳо, вокзалҳо, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ номбар шуданд. Дар кишвар инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку дар масофаи то сад метр наздик ба биноҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилоти динӣ мамнӯъ шудааст. Ба ашхоси то 18-сола фурӯхтани сигор мамнӯъ аст: агар фурӯшанда нисбат ба синни харидор шубҳа дошта бошад, ӯ ҳақ дорад аз ӯ санади дахлдор талаб кунад. Дар кишвар фурӯши дона-донаи маҳсулоти тамоку манъ аст. Ғайр аз ин, дар қаламрави Тоҷикистон мубодилаи маҳсулоти тамоку бо молҳо ва хидматҳои дигар ва тақсими ройгони он ба аҳолӣ манъ аст.
Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва СУТ зикр карданд, ки тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайриуфунӣ (саратон, бемориҳои дилу рагҳо ва ғайра) мебошад.
Тибқи маълумоти СУТ, ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 1 миллиард мардҳо ва 250 миллион занҳо ҳар рӯз тамоку мекашанд.
Тамокукашӣ сабаби фавти 10% аҳолии калонсол дар ҷаҳон мебошад, ҳар сол 5,4 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба тамокукашӣ мефавтанд.
Соли 2010 бори нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» тасвиб шуд ва соли 2013 Тоҷикистон ба Конвенсияи чорчӯбавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку пайваст. Ин санад нахустин санади байналмилалӣ мебошад, ки ба маҳдуд кардани тамокукашӣ нигаронида шудааст ва аввалин шартномаи байналмилалие мебошад, ки таҳти сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баста ва 16 сол пеш ба таври ҳатмӣ иҷрошаванда гардид.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






