Тоҷикистон воридоти маҳсулоти гӯштиро 3 маротиба коҳиш дод

Февраль 9, 2021 10:53

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар се соли охир воридоти маҳсулоти гӯштиро 3 маротиба коҳиш дод, хабар медиҳад оҷонсии «Авеста». Ба қавли намояндаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Давлатзода, соли 2017 ба мамлакат 45 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ  ворид шуда буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 то 14,5 ҳазор тонна коҳиш ёфт.

Пештар хабар дода шуда буд, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ воридоти гӯштро ба Тоҷикистон коҳиш додааст. Рушди соҳаҳои чорвопарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ ба коҳиши қобили мулоҳизаи воридоти маҳсулоти гӯштӣ дар шаш соли охир мусоидат кард. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10,7 ҳазор тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфт, яъне қариб 60 маротиба.

Тоҷикистон соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти чорводориро афзоиш дод. Соли 2020 афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ, гӯшти чорвои калон ва хурд, шир, тухм ва дигар маҳсулоти аз ҳайвонот таҳия шуда мушоҳида гардид.

Масалан, соли гузашта истеҳсоли гӯшти мурғ тақрибан ду баробар афзоиш ёфт.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта дар кишвар беш аз 30,6 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки 1,9 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд аст.

Мутобиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва хурд низ дар ин давра 5,2% афзуд ва зиёда аз 269,5 ҳазор тоннаро ташкил намуд.

Ҳоло арзиши як кило гӯшти гов дар бозор 52-55 сомониро ташкил медиҳад.

АКСИ: Амир Исоев/Sputnik

Февраль 9, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд