То соли 2022 дар Тоҷикистон 12 маркази омӯзишӣ барои ҷавонон бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2022 ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани касбомӯзон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакат 12 маркази касбомӯзӣ ба истифода дода мешаванд. Марказҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, ки ин барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар мамлакат мусоидат менамояд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин тасмим 17 феврал зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сидиқзода гирифта шуд.
Тавре Сарвари мамлакат дар Паёми навбатишон иброз намуданд, «тибқи таҳлилҳо, сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад. Ҳоло дар мамлакат 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунанд».
Ҳамчунин Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки «соли равон дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамоянд».
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвияти фаъолият дар самти рушди инфрасохтори зарурӣ ва татбиқи амалии лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ»- ро мавриди муҳокима қарор доданд.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






