Изатулло Саидзода: Бори нахуст сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Маркази қонунгузорӣ фаъол гардид

Февраль 8, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябри соли 2020 бори нахуст сомонаи расмии Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ бо суроғаи www.qonunguzori.tj фаъол гардида, дар сомона пурра шумораҳои маҷалла ва талабот оид ба чопи мақола ҷойгир карда шуданд, ки ин қадами муассирест дар роҳи фаъолияти илмии соҳаи ҳуқуқ  Ин нуктаро имрӯз, 8 феврал директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи кормандони ВАО-и мамлакат изҳор дошт.

Ҳамзамон И. Саидзода дар идома аз фаъолияти дигар бахшҳои марказ дар зарфи соли сипаришуда иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷониби марказ дар ин давра 1 маҷмӯаи қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот, 5 тафсири қонунҳо, 5 истилоҳоти соҳаи ҳуқуқ тибқи санадҳои қонунгузорӣ ва 6 маводи илмӣ таҳия ва нашр гардиданд.

Зикр шуд, ки марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудан, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 829 таклиф манзур намуд. Таклифҳои пешниҳодгардида барои рушди қонунгузории мухталифи соҳаҳои ҳуқуқ мусоидат мекунанд.

Февраль 8, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад