Убайдулло Асрорзода: Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои намоёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли сипаригардида- ин шомил гардидани он ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ин матлабро имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода баён дошт.
Ин дар ҳолест, ки робитаҳои хориҷии донишкада дар ин давра бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш меёбад.
Убайдулло Асрорзода афзуд, ки новобаста аз паҳншавии пандемия соли 2020 аз тарафи донишкада 8 шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ба имзо расонида шуд, ки яке аз онҳо таъсиси факултети муштарак миёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Федератсияи Россия мебошад.
Инчунин соли гузашта 2 омӯзгори донишкада ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, коромӯзӣ ва такмили ихтисос сафари корӣ анҷом доданд. Зикр шуд, ки сафарҳои хориҷии устодон дар самти боло бурдани нуфузи донишкада, такмили ихтисоси устодон, васеъ шудани малакаҳои касбии онҳо ва баланд шудани ҷаҳонбинии шогирдон мусоидат менамояд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти донишкада Убайдулло Асрорзода зикр намуд, ки соли гузашта дар 14 кафедраи донишкада 224 нафар омӯзгорон барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб шуда, шумораи воҳидҳои корӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 аз ҳисоби устодон 83 воҳид зиёд мебошад, ки он бозгӯи афзоиши шумораи донишҷӯён ва ихтисосҳо дар донишкада аст.
Инчунин бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва вобаста ба татбиқи амалии Нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз моҳи августи соли 2020 факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шуд. Раванди таълим дар соли сипаригардида дар донишкада дар асоси стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат гирифта, дар оғози соли таҳсили 2020-2021 дар донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ барои 27 ва баъдан барои боз 14 ихтисос барномаи таҳсилӣ таҳия карда шуданд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли фаъолияти худ баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутахассисони баландихтисос омода намуда, дар рушду такомули соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми бориз гузоштааст. Донишкада дар тӯли фаъолияти худ чор маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буданашро дар амал исбот намудааст.








Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт






