Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон 3,1 миллион гектар буда, дар онҳо 4 мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ, парки табиӣ, парки табиӣ-таърихӣ, Парки миллии Тоҷикистон, 2 филиали Парки миллӣ, 13 парваришгоҳ, 37 ёдгории табиӣ ва дигар объектҳо доман густурдаанд. Айни замон дар мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ ва парваришгоҳҳои кишвар 85 намуди ҳайвони нодир, ба монанди озодапаланг, гурги сурх, оҳуи бухороӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, архар, бузи пармашох, ҷайрон, силовсини туркистонӣ, ки сайёҳон махсусан ба дидани онҳо мароқи зиёд доранд, ҳифзу нигаҳбонӣ мешаванд.
Дар ин хусус дар давраи омӯзишӣ, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар заминаи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи соҳаи сайёҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, инчунин шахсони фаъоли ҷомеа барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба дастовардҳои назарраси соҳаи сайёҳии кишвар, ки бо дастгирию талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, маълумот дод. Яке аз мавзеъҳои нотакрор ва зеботарини гӯшаи табиати кишварамон, ки дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ воқеъ аст, ин мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» мебошад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ дидани зебоиҳои ҳам минтақаи рангоранги биёбон ва ҳам минтақаи туғайзор, ки бо ҷангалҳои касногузару кӯлҳои сершумор иҳота гаштааст, қалбҳоро тасхир месозад.
Масъалаҳо ва қоидаҳои вуруди сайёҳон ба ҷангалзорро Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақоми ваколатдор мунтазам баррасӣ менамоянд. Дар давраи омӯзишӣ масоили одоби муоширати ҷангалбонҳо бо сайёҳон, забондонӣ, насби ишораҳо дар даромадгоҳҳои ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, таҳияи хатсайрҳо ва мувофиқа намудани онҳо бо идораҳои дахлдор баҳри муайян намудани афзалияти он, нарасидани роҳбаладони касбӣ, тозагии мавзеъҳои сайёҳгузар, дар якҷогӣ бо вазорату идораҳо баррасӣ намудани механизми ҳуқуқи истифодаи ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ва пардохтҳои ҳатмӣ, бастани шартномаҳои тарафайн миёни Агентии хоҷагии ҷангал ва ширкатҳои сайёҳӣ матраҳ гардиданд.








Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






