Вазорати энергетика: Корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум», бунёди лоиҳаи «CASA- 1000» ва корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома доранд. Дар ин бора имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда, соли равон корҳои сохтмонии хати интиқоли барқи 500 кВ «Роғун- зеристгоҳи конвертории Сангтӯда» ва корҳо дар самти кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири бахисобгирии неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияҳои Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд.
«Бояд гуфт, ки дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд. Дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ ва сохтмонию васлу насби конструксияҳо идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат як қатор молу таҷҳизоти зарурӣ ба мамлакат ворид карда шуданд»,- гуфт Ҷумъа Далер.
Ҳоло барои ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳуқуқӣ оид ба танзими соҳаи об ва пешбурди сиёсати обӣ дар мамлакат Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардидааст. Дар фурсати наздиктарин он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешавад.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






