Вазорати молия: дар ҳаҷми умумии 573,2 млн сомонӣ ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо пардохт гардиданд

Февраль 19, 2021 12:55

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ«Ховар»/. Соли гузашта ба соҳаҳои иқтисодии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 24,9 млрд сомонӣ, аз ҷумла, ба соҳаҳои мақомоти  ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,3 млрд сомонӣ, соҳаи маориф- 4,4 млрд сомонӣ, тандурустӣ- 2,6 млрд сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ- 3,9 млрд сомонӣ, фарҳангу варзиш- 988,4 млн сомонӣ, инчунин ба соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ- 1,4 млрд сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ-  4,5 млрд сомонӣ, кишоварзӣ- 617,7 млн сомонӣ ва саноату сохтмон- 171,7 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия- 1,1 млрд сомонӣ равона карда шуд. Бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоти буҷетӣ 5,8 млрд сомонӣ, идрорпулӣ- 90,9 млн сомонӣ, нафақа- 2,9 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 573,2 млн сомонӣ пешбинӣ ва сари вақт пардохт гардид.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода баён дошт.

-Тадбирҳои амалинамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии хавфҳои паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва пайомадҳои иҷтимоию иқтисодии он имкон доданд, ки дар соли ҳисоботии 2020 вазъи макроиқтисодии кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад,- афзуд Ҷамшед Каримзода.

Дар соли сипаригашта  рушди иқтисодии кишвар аз ҳисоби 9,7 фоиз зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 8,8 фоиз дар соҳаи кишоварзӣ ва 0,8 фоиз афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ таъмин карда шудааст.

Дар робита ба рушди иқтисоди кишвар ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалбшуда ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилоти  буҷетӣ дар сатҳи 100,1 фоизи нақша таъмин гардида, ба он 24,3 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид.

Воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 20,3 млн сомонӣ ва нисбат ба соли 2019-ум 1,1 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷет 10,6 млрд сомонӣ, фаъолияти иқтисодии беруна 5,5 млрд ва ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 1,7 млрд сомонӣ ворид шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ ба суратҳисоби махсуси муассисаву ташкилоти буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ 1,8 млрд сомонӣ ворид гардид. Азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 3,6 млрд сомониро ташкил дод, ки ин ба 103,0 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Маҷмӯан дар соли 2020 барои дастгирии буҷети давлатӣ аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ 342 млн доллари амрикоӣ ҷалб гардид.

Ҳамзамон дар соли гузашта  4 созишномаи иловагии молиявӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба маблағи умумии 182,2 млн евро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои мустақим дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, низоми автоматикунонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар нишаст вобаста ба раванди таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав зикр шуд, ки Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шуда, барои баррасии омма дар сомонаи Вазорати молия ҷойгир карда шудааст.

Февраль 19, 2021 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд