ВКХ ҶТ: Тоҷикистон бо Толибон* гуфтушунид накардааст

Февраль 16, 2021 16:12

ДУШАНБЕ, 16.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти расмии Тоҷикистон бо Толибон* мулоқот ва гуфтушунид накардааст. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба саволи он ки оё Тоҷикистон бо толибон гуфтушунид кардааст, чунин посух гуфт.

Вазир шарҳ дод, ки Тоҷикистон ҳукумати расмии Афғонистонро дастгирӣ мекунад ва ҷонибдори сулҳу субот дар ин кишвар аст. «Мо мавқеи Ҳукумати ҶИА ва мардуми онро дастгирӣ мекунем», гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон  муташанниҷ гардидааст, вале он таҳти назорат буда, аз ҷониби неруҳои марзбонӣ ба таври боэътимод ҳифз карда мешавад.

Вазир зикр кард, ки охири моҳи марти соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар назар аст.  Ин конфронс  дар якҷоягӣ бо Афғонистон баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки «Қалби Осиё — Раванди Истанбул»- ташаббуси минтақавии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Туркия буда,   дар натиҷаи Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки 2 ноябри соли 2011 дар Истанбул баргузор шуд, роҳандозӣ гардид. Айни замон 15 давлат иштирокчии мустақими Раванди Истанбул мебошанд. 16 давлати дигар ва 12 созмони байналмилалӣ ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд.

Конфронсҳои қаблии вазирони «Раванди Истанбул» дар Истанбул (2011), Кобул (2012), Алмаато (2013), Пекин (2014), Исломобод (2015), Амритсар (2016) ва Боку (2017) баргузор шуда буданд. Конфронси навбатии вазирон дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

                                                         АКС аз АМИТ «Ховар»

______________________________________________

 * Толибон  — гурӯҳи террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

Февраль 16, 2021 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид