Матбуоти тоҷик ба болоравии сатҳи огоҳии ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдат мусоидат мекунад. Андешаҳои рӯзноманигорон оид ба имрӯз ва дирӯзи матбуоти тоҷик

Март 11, 2021 15:23

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад. Ҳамин аст, ки бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар рӯзи нашри «Бухорои шариф» таҷлил гардидани Рӯзи матбуот рамзӣ буда, аз арҷгузорӣ ба аҳли қалам шаҳодат медиҳад. Дар ин зимн бояд гуфт, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар бастагӣ ба ҳамин мавзӯъ ва чанд паҳлӯи рушди матботи тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ Ниёз назари чанд нафар рӯзноманигоронро манзур мегардонад.

Сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон –«Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода бар ин назар аст, ки «матбуоти тоҷик тӯли фаъолияти беш аз якасрааш ҳадаф ва рисолати худро дошт. Фикр намекунам, ки дар ин муддат, бо вуҷуди омилҳои мусбату ғайри мусбати таъсиргузор ин рисолат ба таври чашмрас тағйир ёфта бошад. Хосса, сар аз оғози соҳибистиқлолӣ ҳар навгоние, ки матбуоти тоҷик касб кард, манфӣ набуд. Ҳам авлавият ба озодии баён, ҳам таъсису ташаккули матбуоти ғайриҳукуматӣ, амсоли хусусиву ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ, рушди масс-медиа, фикр мекунам, дар шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандии замони гузариш ва ҳам вазнин аз диди сиёсиву иқтисодӣ нақши мондагор доштанд ва дар ҳифзи амнияти иттилоотиву фарҳангӣ аз рисолати азалии худ дифоъ карда тавонистанд».

Ба таъкиди Қ. Раҳмонзода, матбуоти тоҷик ҳама вақт ҳомӣ ва мубаллиғи пешрафту шукуфоиҳои давлату миллат ва арзишҳои миллӣ буд. Он барои бедорӣ, боло бурдани сатҳи маърифати мардум, пойдории марзу буми кишвар ва нигаҳдошти беҳтарин анъанаҳои миллӣ фаъолияти густурдаву пурарзиш дошт ва ҳам дорад.  Дар баробари ин, албатта, ҳастанд масъалаҳои ҳалталабе, ки дар роҳи рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ монеа эҷод мекунанд. Кайҳо боз вақти он расидааст, ки усули омодасозии кадрҳои соҳаи матбуот ва, умуман, ВАО (воситаҳои ахбори омма) таҷдиди назар шавад.

-Дурнамои матбуоти тоҷикро нек арзёбӣ менамоям. Фикр мекунам, бо таҷрибае, ки мо тӯли як аср ба даст овардем, дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳои инсонии хеш, пойдории давлат, боло бурдани сатҳи маънавиёти миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу умумиинсонӣ саҳми бештару беҳтар гирифта метавонем. Мактаб ҳаст, шароити муосиртарин таъмин аст, ҷавонони лаёқатманд низ кам нестанд, танҳо масъулин завқу ҳавсалаи кофӣ надоранд, ки ин ҳамаро дар як системаи фаъол муттаҳид созанд ва журналистони воқеӣ офаранд.-мегӯяд Қ. Раҳмонзода.

Ҳамсуҳбати мо журналистикаро санъат шуморида, мегӯяд, ки «дар баробари донишу хоҳиш мавҷудияти маҳорати худодод низ барои ҷавони навхат ногузир мебошад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар доираи таҷрибае, ки дорем, журналистони оянда пеш аз довталаби Маркази миллии тестӣ шудан тариқи суҳбат аз «Дарси маҳорат»-и комиссияҳои қабул гузаранд. Ва агар, воқеан ҳам, маҳорати хонишу навишташон «кашф» шуд, шояд аз имтиёзе низ бархурдор гарданд,-иҳзор дошт дар хотима сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода.

Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов бар он назар аст, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти беназир дар ин самт маҳсуб мешаванд. Чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест, то журналистон ба ҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, ки муҳимтар аз ҳама, соли 2012, зимни таҷлили 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Пешвои раъиятпарвари миллат дастур доданд, ки муқаррароти ба туҳмату таҳқир аз ҷониби журналист дахлдошта аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида шаванд. Касе инкор карда наметавонад, ки маҳз дар натиҷаи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма шароити мусоид ба миён омад. Аз ин рӯ, ҳамасола теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо ва корхонаҳои нашриётӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, дар шароити рӯз то рӯз шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо ва тавсеаи ҷаҳонишавӣ ба дӯши аҳли қалам масъулияти бузурги ташаккули афкори ҷомеа вогузор аст.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик 11 марти соли 2012 чунин изҳор намуда буданд: «Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт — матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвасти матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки дар ҷаҳони муосир аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсони алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад».

Ба гуфти Д. Мерганов, дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, фаъол будани аҳли зиё хеле муҳим аст. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза -мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки журналистон неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо — сулҳу ваҳдати миллӣ равона менамоянд.

«Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст, мииллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад»- ин гуфтаҳои сардафтари адабиёти тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистонро хабарнигор ва собиқадори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбон Мадалиев шарҳ дода, зикр намуд, ки дарвоқеъ, ҳар як рӯзнома дар қадами нахуст ойинаи миллат буда, бидуни ойинаи ҷаҳоннамо шинохти миллат душор аст.

«Албатта, дар замони муосир воситаҳои электронии ахбор хеле рушд карда бошанд ҳам, ҳеҷ гоҳ зарурати нашри рӯзномаҳои чопиро иваз карда наметавонанд, зеро бе рӯзнома ва маҷалла рушди иқтисодиёти мамлакатҳо ногузир аст.  Рӯзнома ягона манбаест, ки аз он вобаста  ба ҳамаи соҳаҳо далелу рақамҳоро метавон дарёт намуд. Умуман рӯзнома дар пешрафту нумӯи кишвар, инкишофи андешаҳои хонандагон ва фароҳам овардани фазои пурраи иттилоотӣ нақши бориз дорад»,- иброз намуд Қурбон Мадалиев.

Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»

Март 11, 2021 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши «Атласу адрас» баргузор мегардад
Ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон ва намоиши санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ доир мегардад
Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон бо мавзеъҳои таърихии Бохтар шинос мегардад
Олимони Қазоқистон бо фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Институти кимиё шинос гардиданд
Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта шуд
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад