Арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2021 муайян гардид

Март 1, 2021 16:07

 ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муайян ва муқаррар гардид. Яъне  барои шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум) ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 240 сомонӣ, барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) 180 сомонӣ, барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия 25 сомонӣ  мебошад.

Аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1) Шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;

2) шахсони зерин аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд: шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд,  маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб».

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Ҳамчунин шахси аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 90 (навад) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, онгоҳ 120 (яксаду бист) сомонӣ пардохт мекунад.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Яке аз навгониҳои соли равон имкони пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», инчунин воситаҳои электронӣ аст. Солҳои қаблӣ пардохти маблағи хизматрасонӣ танҳо тавассути филиалҳои бонки мазкур ва бо истифода аз шакли муқарраргардидаи расид сурат мегирифт.

Вобаста ба ин, хоҳишманди иштирок дар ИМД-2021 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои «Амонатбонк» ё тавассути барномаи мобилии «Амонат мобайл» пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи «Амонат мобайл» дар равзанаи асосии «Корти миллӣ» ё «Ҳамёни электронӣ» банди «Пардохт кардан»-ро бояд интихоб кард. Пас аз интихоби ин банд равзанаи «Пардохти хизматрасониҳо» намоиш дода мешавад. Дар равзанаи мазкур бояд банди «Дигар хизматрасониҳо» интихоб карда шавад. Пас аз он равзанаи «Дигар хизматрасониҳо» пайдо мешавад, ки дар он банди «Маркази миллии тестӣ» бояд баргузида шавад.

Дар равзанаи пайдошуда («Маркази миллии тестӣ») аз 3 майдон – 1. «Ному насаби довталаб», дар ин майдон насаб, насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.

  1. «Рақами телефон», дар ин майдон рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.
  2. «Маблағ», дар ин ҷо андозаи маблағи пардохтшаванда ворид карда мешавад. Баъд аз ворид кардани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони «Ному насаби довталаб» зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – «Маблағ барои синфи 11 – 240 сомонӣ (имтиёздорон: 120 сомонӣ), синфи 9 – 180 сомонӣ (имтиёздорон: 90 сомонӣ), азнавбақайдгирӣ – 25 сомонӣ» ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад. Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ дар ҳар яке аз майдонҳои дахлдор бори дигар дурустии онро санҷида, баъдан тугмаи «Пардохт кардан» («Оплатить»)-ро пахш кардан лозим аст.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, инчунин шакли электронияш дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, пайдо кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2021 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Март 1, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд