АЗ «ИДИ ТОҶИК» ТО БА «ҶУМҲУРИЯТ». Матбуоти тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ ташаккули назаррас ёфт

Март 11, 2021 08:36

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» 109 сол сипарӣ мегардад. «Бухорои Шариф» аввалин  нашрияе мебошад, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард, зеро баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд. Аммо «Бухорои шариф» тавонист дар ин муддати кӯтоҳ дар фазои торики Аморати Бухоро афкору андешаҳои тозаи маорифпарваронаро миёни мардум шарҳу тавзеҳ диҳад ва ҳадафҳои таъсису фаъолияташро, ки босаводу соҳибмаърифат, забондону адабиётдӯст ва худшиносу ояндабин кардани мардум буд, амалӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки  нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо ташаббуси равшанфикрони тоҷик  Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ба табъ расида буд. Ин рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ оғоз ва аввалин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик буд, яъне 109 сол қабл «Бухорои Шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардид. Ба қавли асосгузори адабиёти муосири тоҷик  Устод  Садриддин Айнӣ: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд» ва барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт.

«Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоиёти замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум расонид.  Дар солҳои соҳибистиқлолӣ матбуоти миллӣ рушд намуда, дар тарғиби сиёсати давлатӣ, муаррифии  дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оламиён, баланд бардоштани сатҳи маърифату  ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ ва раванди ободонию созандагӣ дар кишвар нақши муассир мегузорад.

Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мегардад. Аксари адибони маъруфи тоҷик ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд. Рӯзи матбуоти тоҷик  падидаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди матбуоти тоҷик аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»  ва   санадҳои дигари  меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма  шароити мусоид  фароҳам оварданд. Ин аст, ки мавқеи матбуоти тоҷик дар ҷомеа  баланд гардид.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва  матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералиев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «ҳоло дар Тоҷикистон 376 рӯзнома нашр мегарданд, ки аз он 112- ададаш давлатӣ ва 264- ададаш хусусӣ,  аз 245 маҷалла 114-тоаш давлатӣ  ва 131-ададаш ҷамъиятӣ-хусусӣ мебошанд. Инчунин аз  319 матбааи фаъол 37 –тоаш давлатӣ ва 282 ададашро хусусӣ-ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 71 нашриёт фаъолият доранд, ки  10-то давлатӣ ва 61-ададаш хусусӣ-ҷамъиятӣ мебошад. Инчунин аз 11 агентии иттилоотӣ танҳо 1 адад- АМИТ «Ховар» давлатӣ ва боқимонда хабаргузориҳои мустақил  мебошанд. Чунин пешравию дастовардҳо  дар воситаҳои ахбори электронӣ бештар ба назар мерасанд. Масалан, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд пахш мегардиданд. Алҳол дар Тоҷикистон 46 шабакаи радиотелевизионӣ фаъолият доранд, ки 28 шабакааш хусусӣ буда, вақти пахш барои шабакаҳои телевизионӣ бемаҳдуд  гардида, барои шабакаҳои радиоӣ  шабонарӯзӣ аст».

Ҳамзамон 3 январи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муассисаи давлати Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд, ки рисолаташ рушди воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани касбияти кормандони ВАО, гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи телевизион, радио ва  матбуот, таҳияи пешниҳодҳо ва дастурамалҳо оид ба такмили маводи телевизионӣ, радиоӣ ва чопӣ, рушди ҳамкории илмӣ ва эҷодии кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо ВАО-и давлатҳои хориҷӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, стандартҳо ва усулҳои муосири иттилоърасонии ҳамтоёни хориҷӣ, жанрҳои касбӣ, технология ва технологияҳои муосири иттилоотӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ВАО-и мамлакат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки нақши воситаҳои ахбори омма, хусусан нашрияҳо дар тарғиб ва муаррифии дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани марифатнокӣ ва худшиносии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини оромию осоиштагӣ ва пешравию шукуфоии мамлакат калон аст. Соли равон матбуотчиёни тоҷик иди касбии худ- Рӯзи матбуоти тоҷикро дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ  ва умед ба фардои дурахшони мамлакат, хусусан омодагиҳо ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн  мегиранд.

Муовини раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “имсол дар Рӯзи матбуоти тоҷик зимни ҷамъомади идона бо иштироки матбуотчиёни тоҷик  ва  собиқадорони соҳа бархе аз кормандони соҳа, ки  дар рушду такомули матбуоти даврӣ саҳми шоиста гузоштаанд, аз ҷониби Вазорати фарҳанги  ҷумҳурӣ бо  унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва туҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд. Ҳамчунин дар ин рӯз барандагони ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ, ба номи профессорон Воҳид Асрорӣ ва Асадулло Саъдуллоев эълон карда мешаванд”.

P.S. Бо истифода аз фурсати муносиб роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро бо Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ ва қалами бурро таманно менамоянд.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Март 11, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид