АЗ КЛАССИКӢ ТО МОДЕРН. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз тамрини намоиши нави «Дили тиллоии Шарқ» дидан намуданд

Март 2, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷумъа, 5 март, лауреати Ҷоизаи миллии театри Россия «Ниқоби тиллоӣ«, лауреати Фестивали театрҳои касбии «Соҳири паси парда» Сергей Рейник муштаракан бо фарҳангиёни тоҷик ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоишеро бо услуби «балети модерн» бо номи «Дили тиллоии Шарқ» дар асоси афсонаи «Ҳазору як шаб»  пешниҳод хоҳад кард. Нахустнамоиш дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Дилноза Дамдорова ва Мақсуда Юсупова дар яке аз тамринҳо, ки дар театр дар авҷанд, ҳузур доштанд.

Машқҳо тибқи ҷадвали бисёр зич  доир мешаванд, зеро дар назди ҳайати эҷодии театр вазифаи мушкил истодаанд — давоми ҳашт рӯз пешкаш намудани намоише, ки маъмулан се моҳро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ҳунарпешагон аз субҳ то шоми шаб бо танаффуси кӯтоҳ кор мекунанд.

«Дили тиллоии Шарқ» самти нав дар эҷодиёти ҳунарпешагони тоҷик хоҳад шуд, зеро онҳо пештар ҳеҷ гоҳ бо услуби модерн кор накарда буданд.

Дар бораи балети классикӣ бисёр чизҳо маълуманд, аммо балети модерн барои Тоҷикистон самти комилан нав дар рақс аст, ки омехтаи навгонӣ ва классика мебошад.

«Модерн самти муосири рақс аст ва метавонад дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла балет иҷро карда шавад. Он ба ритмҳои имрӯза, мусиқӣ ва хореография наздик аст. Агар балети классикӣ — абадият бошад, пас модерн — ин муосир аст. Балети классикӣ — ҳамчун асари бадеӣ аст, дар он кам чизе тағйир меёбад, модерн баръакс, зуд тағйир меёбад. Он, ки бидуни маҳдудият аст, имкон медиҳад тавассути ҳаракатҳои хореографӣ диди муосири ҷаҳон инъикос ёбад», — гуфт Сергей Райник.

Азбаски хореографияи муосир дар театр амалан бори нахуст ба саҳна гузошта мешавад, тасмим гирифта шуд, ки мавзӯъ ба куллӣ тағйир дода нашавад. Барои намоиш 4 унсур: оташ, шамол, замин ва об интихоб шудааст.

Дастаи эҷодии балет ба ин кори комилан нав омода аст, ин барои он ҷолиб аст, зеро дар он ҷавононе ҳастанд, ки бисёр хуб дарк мекунанд, ки аз онҳо чӣ чиз тақозо мешавад.

Мехостам зикр кунам, ки мувофиқи идея қаҳрамони асосӣ дар ҳолати наздик ба марг қарор мегирад ва қариб мемирад. Дар тасаввуроти ӯ симои духтаре пайдо мешавад, ки омили наҷот ёфтан дар вазъияти мураккаби бавуҷудовардаи унсурҳо мегардад. Наҷотдиҳандаи қаҳрамони асосӣ ҳамон унсурҳое мешаванд, ки дар ибтидо ӯ кӯшиш мекард бо онҳо мубориза барад.

Яке аз вижагиҳои ин асар дар он аст, ки ҳунармандон на дар зери навои мусиқӣ дар иҷрои оркестри театр, балки дар зери садои фонограмма рақс хоҳанд кард. Тамоми хореографияро мусиқии муосир ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Тавре Сергей Райник иброз кард, мавзӯи шарқиро ӯ тасодуфӣ интихоб накардааст. Ин самт барои ӯ низ нав аст.

«Ман мавзӯи шарқиро барои он интихоб кардам, ки шарқ дар мусиқӣ ва рақс бисёр нафис аст. Нафисӣ дар рақси муосир яке аз воситаҳои ифода мебошад. Дар намоиш мусиқии шарқӣ дар иҷрои муаллифони аврупоӣ истифода мешавад, яъне техникаи иҷро аврупоӣ ва рӯҳи он шарқӣ аст. Ин ҳамеша ба ман илҳом мебахшид, аммо имкони истифодаи ин самти ҷолиби мусиқӣ набуд», — шарҳ дод мусоҳиб.

Ба назари худи ҳунармандони театр, ин барои онҳо таҷрибаи нав ва хеле ҷолиб аст. «Замони нав бархурдҳои нав, эҷодкорӣ ва озмоишро тақозо мекунад. Омезиши классика ва муосир — ин имкони ҷалби ҷомеа, ба шумули ҷавонон ба санъат мебошад”, — нақл карданд ҳунармандон андешаҳои худро.

Март 2, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ» ҳамоиши илмӣ доир карда шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 132 довталаби пойтахт ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт
21 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд