Бахшида ба ҷашнҳои Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Боғи Ғалаба дарахт шинониданд

Март 21, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ дар Боғи Ғалабаи пойтахт таҳти унвони ”Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Тавре  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини якуми Раиси  Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонон «Созандагони Ватан» Изатуллои Ҳабибзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маъракаи ниҳолшинонӣ 154 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда бо риояи усулҳои агротехникӣ ва тавсияи мутахассисон шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамин минтақаи Боғи Ғалаба бо иштироки роҳбарияти ҲХДТ, аъзои КИМ ҲХДТ ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 100 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуда буданд.

Тадбирҳои сабзазоркунӣ ва ободонӣ дар яке аз гӯшаҳои Боғи Ғалаба бо ибтикори дастгоҳи КИМ ҲХДТ идома ёфта, минтақаи мазкур барои фароғати сокинон ва меҳмонон ба макони истироҳатӣ табдил дода мешавад.

Март 21, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд