Дар 8 соли охир дар Тоҷикистон 1,6 миллион ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд

Март 2, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар  муддати татбиқи «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020» давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» 26 феврал хабар дод.

Бино ба гуфти Ширин Амонзода, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Ҳамзамон бо ин,  аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.

Дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.

Вазир ҳамчунин гуфт, ки танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид.

 ДАР АКС: танҳо дар шаҳри Душанбе соли 2020 33 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 24 ҳазор ҷои корӣ ба фаъолият оғоз намуданд

Март 2, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид