Дар Кӯлоб ба шарафи ҷашни Наврӯз озмунҳои маҳаллаи беҳтарин, хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин гузаронида мешаванд
КӮЛОБ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб баҳри сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар ташкилоти соҳавӣ корҳои омодагӣ ҷараён дошта, баҳри ҳавасмандгардонии шаҳрвандон озмунҳои маҳаллаи беҳтарин, хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин гузаронида мешаванд.
Ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Орзуи Ҷурахон, баъди аз ҷониби комиссияи махсус оид ба тозагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз назар гузаронидани кӯчаю маҳаллаҳо ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.
Имрӯзҳо сокинони шаҳр бо ҷидду ҷаҳд ба ниҳолшинонӣ, тозакунӣ ва ободу зебо гардондани маҳаллаҳо шурӯъ намудаанд.
Ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ, аз қабили суманак, чанголӣ, оши бурида, қурутоб, фатирмаска, пухтани нонҳои гуногун ва дигар хӯрокҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар рӯзҳои ҷашнӣ бозиҳои варзишӣ низ гузаронида шуда, паҳлавонон дар майдонҳо қувваозмоӣ менамоянд.
Мардуми куҳандиёр ҳамеша фасли баҳорро интизорӣ мекашанд, чунки Наврӯз иди аҷдодии мо ба шумор меравад. Ҳар сол тоҷикон ин ҷашнро бо хушнудию фараҳмандӣ истиқбол гирифта, беҳтарин расму суннати онро иҷро ва барои ояндагон ба мерос мегузоранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






