Дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар вилояти Кописои Афғонистон 16 нафар аъзои «Ал-Қоида» кушта шуданд

Март 1, 2021 15:29

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Афғонистон зимни як баёния изҳор доштааст, ки амалиёти низомӣ дар Дараи афғонияи вулусволии Наҷроби вилояти Кописо оғоз шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Вазорати дифоъ имрӯз (душанбе, 01 март) бо нашри хабаре эълом доштааст, ки дар амалиёти неруҳои амниятӣ дар вилояти Кописо 30 толиб, ба шумули 16 узви “Ал — қоида» кушта ва шаш тани онон захм бардоштаанд.

Дар хабар омадааст, ки ин амалиёт бо дастгирии неруҳои десантӣ ва нерӯҳои ҳавоии кишвар дар Дараи афғонияи вулусволии Наҷроби вилоят оғоз ёфт ва дар натиҷа 30 толиб, ба шумули 16 покистонии марбут ба шабакаи “Ал-Қоида” (дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) кушта шуданд.

Дар ҷараёни амалиёт, рустоҳои Ҳоҷиён, Халифагон, Зоакирхели кучак ва Бадохилдараи афғония аз вуҷуди ҷангҷӯён поксозӣ шудаанд, илова шудааст дар хабарнома.

«Толибон» ҳанӯз ин амалиётро шарҳ надодаанд.

Март 1, 2021 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид