Ду узви баландпояи «Ал-Қоида» ва «Толибон» дар Пактикои Афғонистон кушта шуданд

Март 31, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати амнияти миллии Афғонистон зимни изҳороти худ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи як амалиёти ҳадафманд дар вилояти Пактико як узви баландпояи «Ал-Қоида» ва як фармондеҳи гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

Дар изҳороте, ки Раёсати амнияти миллӣ интишор кардааст, аз ин афрод ба номҳои Давлатбег Тоҷикӣ, машҳур ба Абумуҳаммад ал-Тоҷикӣ ва Ҳазрат Алӣ, маъруф ба Ҳамза Муҳоҷир ёд шудааст.

Дар изҳорот дарҷ шудааст, ки ал-Тоҷикӣ, узви барҷастаи шабакаи «Ал-Қоида» дар нимҷазираи Ҳиндустон ва Ҳамза Муҳоҷир, сокинони Вазиристон мебошанд.

Инчунин дар изҳорот омадааст, ки «Ин афрод ашхоси иртиботӣ миёни шабакаи «Ал-Қоида» ва гурӯҳи террористии «Толибон» буда ва масъулияти муҷаҳҳазгардонӣ ва маблағгузории гурӯҳи «Толибон»-ро бар ӯҳда доштанд».

Мақомоти амнияти миллии Афғонистон мегӯянд, ки ин афрод машғули таъмини «силоҳҳои пешрафта» ва ташкили  омӯзиши низомии ҷангҷӯён дар вилоятҳои Ғазнӣ, Лӯгар ва Зобул буданд.

Тибқи иттилои Раёсати амнияти миллии Афғонистон, ин сеюмин «амалиёти ҳадафманд» пас аз имзои созишномаи Давҳа байни «Толибон» ва Иёлоти Муттаҳида аст, ки дар он аъзои баландпояи «Ал-Қоида» якҷо бо аъзои гурӯҳи «Толибон» ҳадаф қарор дода мешаванд.

Қатъи робита бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида», коҳиши хушунат ва пайвастан ба музокироти сулҳи байниафғонӣ аз ҷумлаи ӯҳдадориҳои асосии «Толибон» дар созишномаи ин гурӯҳ бо ИМА мебошанд, ки 29 феврали соли 2020 дар Давҳаи Қатар имзо шуда буд.

Аммо давлати Афғонистон борҳо таъкид кардааст, ки гурӯҳи «Толибон» тамоиле ба қатъи робита бо «Ал-Қоида» нишон надодааст.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран мулоқоти ҳайати ҳукумати Афғонистон бо намояндагони «Толибон» дар Москва баргузор шуда буд ва чунин мулоқот моҳи оянда дар Туркия баргузор хоҳад шуд.

Март 31, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид