Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ мусоидат намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаҳои гуногун дастгирӣ менамоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки мусоидат ба робитаҳои мустақими байни ташкилоту корхонаҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқиву меъёрӣ барои ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак ба манфиати ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои судманд, пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳоро муҳим шумориданд.










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






