Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон кӯдакону наврасонро барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» омода месозад

Март 2, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону наврасонро барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман»  дар риштаи санъати навозандагӣ, овозхонӣ, хореографӣ ва композиторӣ ройгон омода менамояд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Идрис Абдураҳмонзода иброз намуд, «имрӯз Филармония ба маркази бузурги фарҳангии кӯдакону наврасон табдил гардида, барои сайқал додани ҳунари наврасони соҳибистеъдод тамоми тадбирҳо андешида мешаванд».

Мавсуф зикр намуд, ки Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон 17 августи соли 2017 дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, минбаъд барои рушду ташаккули гурӯҳҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам овард.

Ҳадаф аз ташкили Филармония омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат,  таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавону раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон ва таҳсили бадеӣ-эстетикии онҳо ва татбиқи имконияти эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз дар Филармония устодони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд, ки ба наврасон нозукиҳои санъатро момӯзонанд. Ҳамчунин дар ин макон омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда шудааст.

«Теъдоди донишомӯзони ин даргоҳ рӯз то рӯз меафзояд. Филармония махсусан барои наврасону кӯдакон ташкил гардидааст, аз ин рӯ зимни ҷобаҷогузории дарсҳо ва тамринҳо вақти холии онҳо ба назар гирифта мешавад»,- гуфт мавсуф.

Вазорати фарҳанги мамлакат ҳар сол барои Филармония асбоби мусиқӣ дастрас менамояд, то норасоӣ зимни машқҳо дида нашавад.

-Дар баробари таваҷҷуҳ намудани наврасону кӯдакон ба ин даргоҳ барои сайқал додани истеъдоди фарзандон дастгирӣ ва ҳамкории волидайн зарур аст. Мо кӯшиш мекунем, ки роҳҳои ҳавасмандкуниро бештар намоем, то дар дили наврасон шавқу рағбат бештар гардад. Падару модарон низ агар дар якҷоягӣ бо мо ҳамкорӣ намоянд, истеъдоди модарзодии наврасон бештар шуълавар мегардад,- иброз намуд Идрис Абдураҳмонзода.

Март 2, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд