Филмсози машҳури араб тасмим гирифт мавзеъҳои назаррабо ва сайёҳии Тоҷикистонро рӯи навор орад

Март 26, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филмсози машҳури Аморати Муттаҳидаи Араб  Ҳусейн Аларӣ тасмим гирифтааст, ки  дар оянда ба  Тоҷикистон омада, аз мавзеъҳои назаррабо ва сайёҳию таърихии Тоҷикистон филм ба навор бардорад. Чунин зикр гардид дар мулоқоти  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбари Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Амороти  муттаҳидаи Араб Муҳаммад Комил Алмуайнӣ ва филмсози машҳури ин кишвар Ҳусейн Аларӣ, ки дар Душанбе доир гардид.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати меҳмонони   Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе—меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ва сеюмин Фестивали байналмилалии «Наврӯз- мероси фарҳангию сайёҳӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳавасмандии Кумитаро оид ба омӯхтани таҷрибаи Аморот, ки дар бозори хизматрасониҳои сайёҳии ҷаҳонӣ пешсаф ва муваффақ аст, таъкид намуд.

Зикр шуд, ки солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳои муҳими андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Инчунин боҷи гумрукӣ ба мошинҳои нав 50 фоиз коҳиш дода шуд.

Барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ба муҳлати 60 рӯз тамдид карда шуда, ба сармоягузороне, ки то як миллион доллар ворид месозанд, раводиди бисёркаратаи 5-сола дода мешавад.

Имрӯз бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ самтҳои афзалиятноки соҳа хеле зиёданд. Аз ҷумла, тибқи Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудааст. Барои рушди ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мавҷудияти зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Меҳмонон таассуроти хешро аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла аз таҷлили бошукӯҳи Иди Наврӯз баён намуданд. Рушди инфрасохтори муосир ва пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳиро қонеъкунанда арзёбӣ намуда, муаррифии фарҳанги миллӣ, урфу одат, хӯрокҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, таърих ва осори ғании фарҳангии халқи тоҷикро заминаи асосии рушди сайёҳӣ унвон карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки доираҳои сайёҳию фарҳангии ҳарду кишвар дар чорабиниҳои гуногун таъкид карда шуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз меҳмонон даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оранд. Ин даъват бо хушӣ пазируфта шуда, ҳайат омодагии хешро барои тамошо ва наворбардории мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дар фасли тобистон изҳор намуд.

Март 26, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид