ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Муғулистон муайян гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронро муайян карданд, ки барои омодагӣ ба бозӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон даъват мешаванд. Сабқати дастаҳо дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 сурат мегирад. Ба рӯйхат 24 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил ҳастанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бозии мазкур рӯзи панҷшанбе, 25 март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст.
Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст. Бояд зикр кард, ки дар мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат бар зидди дастаи мунтахаби Муғулистон 19 март дар шаҳри Душанбе оғоз мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии интихобии ЧҶ-2022 ба муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон:
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)
Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон)
Фарҳод Восиев («Тамбов», Россия)
Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)
Искандар Ҷалилов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Нимҳимоятгарон:
Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон)
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)
Ҳамлагарон:
Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)
Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Ӯзбекистон)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






