Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон ба таври маҷозӣ муаррифӣ гардиданд

Март 16, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 60 ширкату  корхонаҳои соҳаҳои гуногуни тоҷикистонию қазоқистонӣ дар Форуми сармоягузории ин ду давлат, ки имрӯз дар шакли маҷозӣ дар доираи баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии  Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид, иштирок намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  дар доираи Форуми сармоягузорӣ  фазо ва имконоти сармоягузории ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун, назири саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, туризм, кишоварзӣ, молия, бонкдорӣ, телекоммуникатсия,  суғуртакунӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳои афзалиятноке, ки ба рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамоянд, муаррифӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз пеш густариш меёбанд, ки заминаи ин раванд,  бешубҳа, аз иродаи сиёсии  роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи  байниҳукуматӣ сарчашма мегирад. Таъкид шуд, ки чорабиниҳои муҳими баргузоргардида, аз қабили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мусоид барои  муколамаи созанда ва барқарории  робитаҳои  тиҷоратӣ байни  ду давлат  фароҳам овардаанд.

Инчунин  дар доираи Форум  вохӯрии дуҷонибаи  соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон  дар шакли «соҳибкор бо соҳибкор» ( B2B) баргузор гардида, дар он масъалаҳои тиҷоратӣ  байни намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат матраҳ гардиданд. Аз натиҷаи вохӯриҳо  санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории  ҳар ду кишвар ба имзо расонида шуданд.

Иштирокдорони Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю  шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири  тамоми соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Март 16, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид