Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 14:00 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2021» баргузор мегардад.
Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3, 4 ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд. Ғолибони муобиқаро ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ интизоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муасиссаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2020» баргузор шуда буд. Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои аз чаҳорсола болои зоти англисӣ аспе бо лақаби «Шерхон-Дарк» аз Душанбе, ки саворааш Манучеҳр Асомиддинов буд, бо натиҷаи 2 дақиқаю 3 сония пирӯз шуд. Мақоми дуюм низ бо натиҷаи 2 дақиқаю 5 сония насиби аспе бо лақаби «Паймон», ки Далер Сафаров саворааш буд, гардид. Мақоми сеюмро аспе бо лақаби «Ватан» аз Душанбе, ки саворааш Шоҳрух Ятимов буд, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония ишғол кард.
Мавриди зикр аст, ки дар пойгаи соли гузашта, аспҳои сесолаи зоти ахалтекинӣ (туркманӣ) ба масофаи 1400 метр аспе бо лақаби «Сарбаланд» аз Душанбе, ки саворааш Фирдавс Саломов буд, бо натиҷаи 1 дақиқаю 35 сония ғолиб гардид. Мақоми дуюмро аспе бо лақаби «Тулӯъ» аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки саворааш Бобур Ҷалматов буд, бо натиҷаи 1 дақиқаю 39 сония сазовор шуд. Мақоми сеюмро аспе бо лақаби «Самарқанд» аз Душанбе, ки саворааш Манучеҳр Асомиддинов буд, бо натиҷаи 1 дақиқаю 43 сония ишғол кард.
Боз дар шаш пойгаи дигар бо аспҳои зоти тоҷикӣ ба масофаҳои 1400, 1800 ва 2000 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд.
Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқаи мазкур 61 ҳазор сомониро ташкил медод, ки он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардид. Дар ҳар як пойга ба ғолиби ҷои аввал 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ тақдим гардид.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг ширкат варзиданд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






