Имсол дар Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин доир мегардад
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи июн ё сентябри соли равон бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидимикӣ дар ҷаҳон дар Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва беш аз 50 нафар сармоягузорону соҳибкорони давлати Фаластин ва кишварҳои арабӣ баргузор гардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, ташкили Бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаластинро дар Душанбе Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса дар мулоқот бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода пешниҳод намудааст. Ҳадафи он аз наздик шинос намудани сармоягузорону соҳибкорони кишварҳои арабӣ, алалхусус Давлати Фаластин бо имконият ва имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳибкорону сармоягузоронии кишварҳои хориҷӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҷамшед Ҷумъахонзода пешниҳоди Сафири Фаластинро қобили қабул шуморида, зикр намуд, ки Палатаи саво ва саноати Тоҷикистон омода аст дар сурати ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ дар ҷаҳон ва кушода шудани марзҳо ҷиҳати ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муаррифии имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни доираҳои соҳибкорону сармоягузорони арабӣ бизнес-форумҳо ва дигар вохӯриҳои тиҷоратӣ баргузор намояд.
Ҳамзамон Ҷамшед Ҷумъахонзода доир ба фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо ва инчунин оид ба имконияти тиҷоратӣ-сармоягузории ҷумҳурӣ ба Сафири Фаластин маълумоти мушаххас дод.
Луай Исса зикр намуд, ки имконият ва имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии сармоягузорону соҳибкорон ҷоригардида бояд миёни сармоягузорону соҳибкорони арабӣ низ муаррифӣ гарданд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






