Корвони саломатӣ бо мақсади паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти Лахш қарор дорад

Март 3, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 03.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Корвони саломатӣ, ки ба он   табибони беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳияи Лахш шомил гардидаанд, ба Ҷамоати деҳоти Лахш расид. Ба табибони корвони саломатӣ тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои муоина ва ташхиси беморон дар ин деҳоти дурдаст, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 40 километр дур воқеъ аст, дастрас шуданд. Зиёда аз 20 нафар мутахассисони ботаҷриба ва табибони варзида дар беморхонаи минтақавии Лахш муроҷиаткунандагонро аз  муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо тавсия ва табобати дуруст пешниҳод намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ, яъне дастгоҳҳои фаросавтӣ, сабти барқии дил, даруннигарӣ, тестҳо барои ташхиси диабети қанд, ВНМО ва дигар воситаҳои техникӣ бештар аз 3 ҳазор муроҷиаткунандаро аз муоинаи тиббӣ гузаронданд.

Зимни вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ маълум гардид, ки мардуми деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан миннатдор буда, ҷавобан ба он дар ҳама ҷодаҳо заҳмат кашида, барои солимии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Ҳадафи корвони саломатӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 дар бораи «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″ ва паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ, кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ маҳсуб мешавад.

Март 3, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд