Маркази миллии тестӣ: Нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2021 таъсис ёфтанд

Март 10, 2021 15:45

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 20 марти имсол аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Шаҳристон, Дӯстӣ, Хуросон, Муъминобод, Темурмалик ва Роштқалъа нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ таъсис дода шудаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирии ноҳияҳои интихобгардида, ки барояшон наздик ё мувофиқ аст, худро барои иштирок дар ИМД-2021 сабти ном кунанд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсони довталаб сурат мегирад.

Инчунин рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон дар соли 2021 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла нуқтаҳои сайёр ташкил карда шуда, муҳлати фаъолияташон дар сомонаи  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ доимӣ набуда, ба хотири дурдаст будани ноҳияҳои номбурда аз тарафи нуқтаҳои доимоамалкунанда таъсис дода шудаанд.

Март 10, 2021 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад