Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Март 2, 2021 15:06

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ҳамроҳ бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ва дигар ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбаладон ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб бо ҳайати кории худ бо осори гаронарзиш ва мероси гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ- шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол шинос гардиданд.

Баъд аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонон бо изҳори хушҳолӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуданд.

Март 2, 2021 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад