ОИНИ НАВРӮЗӢ. Ба 45 оилаи ниёзманди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кӯмак расонида шуд

Март 20, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Исматулло Абдуллозода  ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Аслиддин Меликов ба 45 оилаи ниёзманди маҳаллаҳои «Шоҳмансур 1», «Восифӣ», «Бедил» ва шаҳраки «Роҳиоҳанчиён»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кӯмаки яквақтинаи маҳсулоти ниёзи аввал,  аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ, картошка ва пиёз расонида шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур дар доираи ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз то охири моҳ идома дода мешавад.

Ин иқдом дар доираи сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ,  ки ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии  оилаҳои ниёзманд  таваҷҷуҳи   махсус зоҳир менамоянд, роҳандозӣ гардид.

Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон  таъкид намуданд: «Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст».

Март 20, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад