Пагоҳ 11 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо иштирок мекунанд

Март 24, 2021 12:42

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  бахшида ба  ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо оғоз шуда, он то 26 марти соли равон идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ 11 самбочии тоҷик — Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъаев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавонони тоҷик  дар самбои варзишию размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳонии ғайрирасмӣ номида мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфуз бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кг ду медали биринҷиро соҳиб шуд. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб гардид. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кг ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кг дар рақобатҳои самбои размӣ ба даст оварданд.

Март 24, 2021 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад