Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли ҷӯроби ҶДММ «Сомони Расул» дар шаҳри Бохтар оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли ҷӯроби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул”-ро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти сехи истеҳсоли дучарха шинос шуданд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ки бо таъсиси он 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.
Дар коргоҳи мазкур 20 адад дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Чехия ва Кореяи Ҷанубӣ насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ мебошад. Айни замон дар коргоҳи мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Маҳсулоти хом ба коргоҳ аз корхонаҳои ресандагии мамлакат дастрас карда шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи ин корхона ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул” нақша дорад, ки иқтидори истеҳсолии ҷӯробро афзоиш дода, дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти масҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул” дар сехи алоҳида истеҳсоли дучарха низ ба роҳ монда шудааст.
Ба таъкиди мутахассисон барои истеҳсоли дучарха аввалан қисмҳои эҳтиётӣ, ки асосан аз маҳсулоти оҳанӣ иборат аст, омода карда мешавад.
Ҷараёни истеҳсоли аксар қисмҳои дучарха бо истифода аз кафшер анҷом ёфта, мутахассисони касбӣ онро бо сифати баланд иҷро менамоянд ва аксари амалиёт дар ҷараёни истеҳсолот дастӣ сурат мегирад. Дар корхона барои сохтани қисмҳои дучарха дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.
Ба гуфтаи мутахассисон баъзе аз қисмҳои эҳтиётии дучархаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли дучархаҳои ҳаҷму андозаашон гуногун дар ин корхонаи навбунёд шинос шуда, ба сифати кор ва заҳмати кормандон баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона истеҳсолӣ беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва имкон аст, ки дар як моҳ 1000 адад дучарха истеҳсол гардад.
Бо дарназардошти он, ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба дучарха бештар шудааст, масъулони корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Дучархаҳои истеҳсолкардаи корхона ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегардад.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд






