Президенти Афғонистон доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд.
Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд. Бояд гуфт, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ДМТ рӯзи таърихӣ буда, бо тамошои дастовардҳои илмию техникии донишгоҳ оғоз ёфт.
Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва тамоми меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба муҳиму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур, робитаҳои таърихии мардуми тоҷику афғон, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бахши маориф дар мисоли ДМТ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан намуда, қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шӯрои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ эълом намуд.
Ректори ДМТ Хушвахтзода зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои саҳми босазо дар рушди ҳамкории илмиву таълимӣ ба чунин унвон сазовор шуд.
Меҳмони олимақом- Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар суханронии хеш бо изҳори сипос аз роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳими таҳкими дӯстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдӯсти Афғонистон ва Тоҷикистон унвон кард. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар идомаи суҳбат дар робита ба таҳкими ҳамкории илмию таълимӣ ва фарҳангию иқтисодӣ сухан намуд.
Меҳмони олимақом аз натиҷаи нишаст, доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ интихоб шуданаш, ки дар фазои ҳусни созандагию тафоҳум доир гардид, изҳори сипос намуда, афзуд, ки ин вохӯрӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои илмию таълимии байни донишгоҳҳои ҳарду кишвар мусоидат карда, дурнамои нави ҳамкориро муайян хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бори дуюм аст, ки ба донишгоҳ ташриф меорад. Сафари аввалини ӯ ба 10 майи соли 2016 рост меояд, ки зимни ин сафар вохӯрии хотирмон доир гардида буд.











«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд






