Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Март 29, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни  Тоҷикистону Афғонистон ба Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ  Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ҳамроҳӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст.

Март 29, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд