«Сад ранги чакан». Таҳти чунин унвон то охири моҳи март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш доир мегардад
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 31 марти соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯзи байналмилаӣ таҳти унвони «Сад ранги чакан» намоиш баргузор мегардад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, намоиши мазкур 16 март бо иштироки директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Шарифзода ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ифтитоҳ гардид.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки «ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур – ин баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ва ба наслҳои оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ мебошад».
Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон «Сертификат»-и аслеро, ки ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) шомил гардидани «Чакан»-ро тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода супорид.
Намоиши мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир карда шуд. Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардуми тоҷик, аз қабили куртаҳои чакан, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рукӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, рӯйҷо, чойгир, салла (дастор) ва дигар намудҳо ба маъраз гузошта шудаанд, ки чеварони тоҷик ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзии хешро асосан дар ҳамин намуди ашёи чаканӣ хуб нишон додаанд.
Инчунин дар намоиш маснуоти ороишии занона, ба монанди ангуштарин, дастпона, гӯшвор, гарданбанд, тоҷ, миёнбанд ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд, ки занон дар баробари куртаи чакан ин ороишотро низ барои зебу зиннати худ истифода мебурданд.
Дар доираи ин намоиш маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, ба монанди чакан, атлас ва адрас аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад






