Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супорид

Март 18, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Риёз маросими супоридани эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни маросим Сафир ба Шоҳи Арабистони Саудӣ дуруду паём ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ мебошад.

Дар навбати худ, Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз салом ва эҳтиромоти фоиқаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта,  таҳкими ҳамкории босамарро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард ва ба Сафир дар пешбурди фаъолияти дипломатӣ комёбӣ орзу намуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 18, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд