Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Қазоқистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр мулоқот намуд.
Ҷонибҳо аснои мулоқот масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2020 909,8 миллион доллари америкоиро ташкил намуд. Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳаҷми 152,2 миллион доллар ва аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 757,5 миллион доллар молу маҳсулот содирот карда шудааст. Зикр гардид, ки новобаста аз натиҷаҳои ба дастомада то ҳол имконият байни ду кишвари дўст пурра истифода нашудаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот иброз доштанд, ки ҳамгироӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи сиёсати муваффақонаи сарони ҳарду давлат тақвият ёфта, минбаъд низ имконот мақсаднок истифода бурда хоҳанд шуд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






