Се паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Grand Slam Antalya 2021» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 апрел дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2021» оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мусобиқа 3 паҳлавони шинохта – Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ба шаҳри Анталия сафарбар гардиданд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқаи муҳташами ҷаҳонӣ ширкати 501 варзишгар, аз ҷумла 293 мард ва 208 бону аз 96 кишвари 5 қитъаи рӯи олам дар назар аст.
Хароҷоти сафари Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов ба мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020» пардохт карда шуд.
Ин панҷумин мусобиқа дар доираи «World Judo Tour» дар соли равон мебошад. Ҳафтаи гузашта Шаҳбоз Саидабуроров дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam-2021» дар вазни то 60кг кишвари моро намояндагӣ кард. Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дода, сазоавори медали биринҷӣ гардид.
Барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ӯ се ҳафта қабл дар мусобиқаи Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд. Шаҳбоз барои ин дастовард бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА сарфароз шуда, соҳиби 500 хол гардид ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намуд.
Мавриди зикр аст, ки чун дигар мусобиқаҳои ҷаҳонии дзюдо дар Гранд Слами Анталия низ варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ талош мекунанд. Ҳамчунин ба ғолибону ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Барои ҷои якум – 5000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 доллари ИМА.
Ёдрас мешавем, ки муҳлати системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио 28 июн ба анҷом мерасад. То он вақт варзишгарони тоҷик имкони иштирок дар Чемпионати Осиё (Бишкек, 6-9 апрел), Гранд Слами Қазон (5-7 май) ва Чемпионати ҷаҳонро (Будапешт, 6-13 июн) доранд.
Пас аз натиҷагирии ҳамаи ин мусобиқаҳо шакли ниҳоии раддабандии олимпӣ нашр мешавад, ки тибқи он 18 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ бо дарназардошти дар як вазн як варзишгар аз ҳар КМО, инчунин тариқи раддабандии қитъавӣ (аз Осиё 10 нафар) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро доранд, ки аз 23 июл то 8 августи имсол доир мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






