Ширкатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.032021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия намоянд. Чунин зикр шуд дар мулоқоти роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии ду кишвари ҳамҷавор, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе доир гардид.
Дар мулоқот ҳамзамон масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти сайёҳии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуда, бо дарназардошти паст шудани хавфи бемории сироятии COVID -19 барои қабул ва гусели шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сайёҳ ба кишварҳои ҳамдигар таклифҳои судманд пешниҳод намуданд. Хусусан таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ташкили мулоқоти ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат дар оянда ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, хабар медиҳад манбаъ.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






