СУРАТ-ДАЛЕЛ. Ба истиқболи Наврӯз дар ноҳияи Синои пойтахт таҳти унвони «Тозагии соҳил» аксияи экологӣ гузаронида шуд

Март 20, 2021 12:39

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа  ба тозагии муҳити зист ва ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз дар соҳили канали калони Ҳисор аксияи экологии «Тозагии соҳил» доир гардид.

Дар аксияи мазкур сокинони маҳаллаҳои Ободкорон, Бунёдкорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони сохторҳои коммунали ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе  фаъолона ширкат намуданд. Иштирокдорон  аз ҳудуди соҳили канал партовҳои сахти маиширо ҷамъ намуданд, ки онҳо  тавассути техникаҳои махсус ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Март 20, 2021 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад