Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ IT PARK таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ IT PARK — боғҳои фановариҳои нави итилоотӣ таъсис диҳад. Таҷрибаи кишварҳои АвруОсиё дар заминаи эҷоди боғҳои фановариҳои нави иттилотӣ дар нишасти махсуси маҷозӣ, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони бахши давлатӣ, хусусӣ ва коршиносон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати консалтингии «StrategEast» аз созмондиҳандагони нишасти маҷозӣ буданд.
Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Фарҳод Билолзода дар нишасти мазкур зикр кард, ки ташкили паркҳои фановариҳои нави иттилоотӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ муҳим мебошад. -Аксар кишварҳои АвруОсиё, аз ҷумла, давлатҳои Ӯзбекистон, Гурҷистон, Молдова, Украина, Беларус дар самти таъсиси паркҳои технологии инноватсионӣ пешсаф ва муваффақ гардидаанд,-афзуд номбурда.
Зикр шуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон заминаҳои таъсиси боғҳои фановариҳои навро бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ фароҳам орад. Дар ин росто, таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, назири Ӯзбекистон, Гурҷистон, Молдова, Украина, Беларус мавриди истифода қарор дода мешавад. Коршиносон дар ҷараёни нишасти маҷозӣ андеша ва пешниҳоду таҷрибаҳои худро дар мавриди омилҳои муҳим, чун зерсохтор, рақобат, технология ва чорчӯбаҳои қонунӣ, ки дар ҷараёни таъсиси боғҳои фановариҳои нав ба инобат гирифта мешаванд, манзур намуданд. Онҳо таҷрибаҳои худро муаррифӣ сохта, пешниҳодҳои муфид баён доштанд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо шарикони рушд, бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар оянда ҷиҳати таъсиси паркҳои фановариҳои муосири иттилотӣ ҳамкории судманд ба роҳ мемонад.










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






