Тоҷикистон ва Афғонистон муборизаро бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ тақвият мебахшанд

Март 30, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро дар бахши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тақвият мебахшанд. Ин дар ҳолест, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт дар Душанбе мулоқот намуд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақаю ҷаҳон ва дигар масоили мубрам табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вазири умури дохилии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваффақият таманно намуд.

Мусоҳибон изҳори умед намуданд, ки муносибатҳо байни ниҳодҳои қудратии ду давлат минбаъд низ густариш ва тақвият хоҳанд ёфт.

Март 30, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид