То оғози Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ду рӯз монд. Назаре ба таърихи ин анъанаи маъмули наврӯзӣ

Март 18, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  ба ифтихори  таҷлили ҷашни Наврӯзи  хуҷастапай  20-21 март бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2021» баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони  кишвар аз вилоятҳои Суғду  Хатлон, ВМКБ  ва  шаҳри Душанбе дар назар аст. Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолибонро  чаҳор шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизоранд.

Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН  шарҳ медиҳад.

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Тоҷикон дар замонҳои пеш ин намуди гӯштинро бештар дар тӯю маъракаҳояшон барпо мекарданд. Дар гузашта гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ба ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Он ягона намуди варзиш ё худ анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд.

Гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин – ин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо,  аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ истифода мешавад. Асосгузорони ин намудҳо аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ менамоянд.

Аслан мусобиқаҳои гўштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рўи ин намуди зебои варзиш дар фасли  баҳору тобистон дар доманакўҳу саҳро  мусобиқаҳо  баргузор мегарданд.  Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург доштанд ва дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояҳо ва сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дўстӣ, садоқатмандӣ ба ватанро ифода менамуданд. Гўштингирӣ таърихи ҳазорсола дошта бошад ҳам, имрўз ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз дорад ва  моро зарур аст, ки онро  дар байни омма  боз ҳам инкишоф диҳем.

Гӯштингирӣ миёни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ  воситаи асосӣ  ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Паҳлавонон ҳамеша ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ, муборизони зидди зулму асорат дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори шоирону нависандагони форсу тоҷик ҷойи асосиро ишғол намудаанд.  Абулқосими Фирдавсӣ  дар шоҳасари худ «Шоҳнома» дар симои қаҳрамонон Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш, Эраҷ,    Исфандиёр ва дигарон ҳаёти паҳлавононро таърифу тавсиф намудааст. Абуалӣ ибни Сино дар асари машҳури худ «Ал -­ қонун» дар бораи фоидаи муолиҷаи машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ низ сухан рондааст. «Фарде, ки мунтазам ба машқи ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна дору эҳтиёҷ надорад». Маълумоти пурқиматро доир ба гўштингирӣ мо дар асарҳои дигар классикону адибони имрӯза пайдо карда метавонем.

Имрӯз дар байни халқ ду намуди гӯштин паҳн гаштаанд, ки яке гӯштингирӣ ва дигаре гӯштини камарбандӣ аст, ки бештар дар вилояти Суғд амал мекунад. Аз оғози солҳои 1930 инҷониб  гўштингирӣ аз ҳудуди ҷумҳурии мо берун баромада, барои инкишофи гўштини дигар давлатҳо хизмат карда истодааст. Масалан, гӯштини самбо дар асоси бандҳои гўштини миллии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии бародар, аз ҷумла, гӯштини тоҷикон ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев соли 1941 бо қарори Маркази тадқиқоти илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои омўзиши илмии гўштинҳои миллӣ ба давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна сафар мекунад. Ӯ аз намуди гўштини миллии тоҷикон дидан карда, дар тартиб додани гӯштини самбо аз усулҳои гӯштингирӣ васеъ истифода мебарад.

Ёдовар мешавем, ки 20-21 марти соли 2020 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе  ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2020» баргузор  гардида буд, ки  дар он   209 нафар паҳлавонони ҷумҳурӣ дар ҳайати 8 даста иштирок намуданд.

Рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 8 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.

Ба финали вазни -60кг ду бародар – Муҳаммадризо ва Муҳаммадсолеҳ Қувватовҳо роҳ ёфтанд ва медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ ба Муҳаммадризо туҳфа кард. Ҷои сеюмро дар ин вазн Муслимбек Каримов пас аз пирӯзӣ бар Ҷомии Ҳасан ишғол намуд.

Дар вазни -65кг Ёқубҷон Боқиев нисбат ба ҳарифон пурзӯр буд. Ӯ дар финал бар Идибек Сафаров ғолиб омад. Медали биринҷӣ насиби Баҳром Суфиев гардид, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Хайрандеш Муродзодаро мағлуб намуд.

Субҳиддин Халилзода пас аз пирӯзӣ бар Муҳаммадисо Раҷабов медали тиллои вазни -70кг-ро сазовор шуд. Медали биринҷӣ насиби Шаҳзод Воҳидов гашт, ки барои ҷои сеюм бар Муҳаммадиқбол Тошев пирӯз шуд.

Дар даври финалии вазни -75кг паҳлавонони шинохта гӯштин гирифтанд. Деваштич Убайдӣ пас аз пирӯзӣ бар Мубориз Мунавваров ҷои аввалро ишғол кард. Медали биринҷиро Қандил Саидов ба даст овард.

Қувваозмоиҳои вазни -80кг низ ҷолиб сурат гирифта, дар даври ниҳоӣ Раҳматулло Фарҳодов нисбат ба Саидмухтор Расулов бартарӣ нишон дод. Медали биринҷии ин вазн насиби Оламафрӯз Абдураҳмонов гардид, ки дар  қувваозмоӣ бо  Ҳайдар Сайкабирзода дастболо шуд.

Медали тиллои вазни -90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Зафар Олимшоевро шикаст дод. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Комрон Карликов бар Балаҷон Бегов ғолиб  омад.

Дар вазни -100кг бахти Шамшод Абдуллоев омад кард. Ӯ дар финал Саидҷалол Саидовро мағлуб  сохт. Медали биринҷиро Фирдавс Насимов пас аз ғалаба бар Хуршед Маҷидов  ба даст овард. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Шакармамад Мирмамадов медали тиллоро ба гардан овехт. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Суҳроб Муҳаммадиев Фарҳод Шайховро мағлуб кард.

Ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқа бо медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.

Сипас, бо иштироки варзишгарони вазнашон аз 80 кг боло қувваозмоӣ барои дарёфти шоҳҷоиза – мошини сабукрав сурат гирифт. Паҳлавонони шинохта Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов дар финал бори дигар рӯ ба рӯ шуданд ва ин бор низ Темур Раҳимов бартарӣ нишон дода, Шоҳҷоиза ва Ҷоми пойтахтро ба даст овард. Ҷои сеюм насиби Саидҷалол Саидов гардида буд.

Март 18, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид