Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мулоқот намуд

Март 2, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 марти соли 2021 баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ иштирок хоҳанд кард. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб баён гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки сиёсати фарҳангии кишвари мо дар меҳвари сиёсати некбинонаи «дарҳои боз»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз ҳамкории фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ рушду таҳким меёбад. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд, махсусан равобити фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор гардида, ба манфиати мардуми ҳарду кишвар ботадриҷ идома меёбанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки тӯли ин солҳо чанд маротиба ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқдисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардиданд. Инчунин масъалаҳои вусъат бахшидани робитаҳои фарҳангӣ дар самтҳои мусиқӣ ва табодули гурӯҳҳои ҳунарию театрӣ, табодули мавод ва нашрияҳои фарҳангии ду кишвар, таҳқиқу тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ташкил намудани намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, аз қабили созтарошӣ, кандакорӣ ва заргарӣ, ташкил намудани сафарҳои ҳунарии ансамблҳои тарона ва рақсии кишварҳо, баргузор намудани машварату семинарҳои муштарак роҷеъ ба созмон додани китобхонаву музейҳо, беҳбуд бахшидани фаъолияти онҳо, чопи маводи зарурӣ барои муассисоти таълимӣ ва давлатии кишвари Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб зикр намуд, ки ҳамкории фарҳангии тоҷикону афғонҳо аз умқи таърих сарчашма гирифта, дорои муштаракоти ғании фарҳангӣ ва забонӣ мебошанд.

Мавсуф иброз дошт, ки Ҳукумати Афғонистон ва мардуми афғон хостори рушду тақвият ва таҳкими ҳамкории фарҳангӣ бо мардуми ҳамзабони худ- тоҷикон буда, омодагии ҷониби хешро барои ҳамкории фарҳангии муштарак баён намуд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфта, ҳамасола тақвият меёбад.

Март 2, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд