Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Дебора Лионсро, ки ҷиҳати иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба сулҳи Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории муштарак барои мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар, роҷеъ ба аҳамияти муборизаи дастаҷамъона бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ изҳори назар карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






