Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуданд.
Бо дарназардошти чорабиниҳои дарпешистодаи имсола, ҷонибҳо оид ба ташкили чорабиниҳо дар сатҳҳои баланд ва олӣ, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, нишастҳои СААД ва СҲШ мубодилаи афкор карданд. Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мухриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Р. Казкбоевро барои иштирок дар Конфронси IX вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истамбул», ки қарор аст 30 марти соли 2021 дар Душанбе доир мешавад, даъват намуд.
Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шуд. Вазирон аҳамияти истифодаи пурраи иқтидори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин иҷрои уҳдадориҳои қаблан ба зимма гирифтаи тарафҳоро, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои марзиро таъмин менамояд, таъкид карданд,.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ инчунин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро баррасӣ намуданд. Дар ин робита, С.Муҳриддин зарурати истифодаи неруи васеи транзитии ҷонибҳо, аз ҷумла додани мақоми байналмилалиро ба гузаргоҳи “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон зикр намуд.
Бо мақсади густариш ва таъмиқи бештари муносибатҳои дуҷониба пешниҳод карда шуд, ки масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо, инчунин гузаронидани машваратҳо дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон соли 2021 матраҳ гардад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






