Вазорати дифои Афғонистон аз кушта шудани 134 ҷангҷӯи “Толибон” хабар дод
ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати дифоъи миллии Афғонистон изҳор намудааст, ки дар задухӯрдҳо байни низомиёни неруҳои афғон ва «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар даҳ вилоят 134 ҷангҷӯ кушта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Садои Амрико» дар Афғонистон www.darivoa.com.
Фавод Амон, муовини сухангӯи ин вазорат, рӯзи сешанбе, 9 март ба «Садои Амрико» гуфтааст, ки ҳамчунон дар 24 соати гузашта 65 ҷангҷӯи толиб маҷрӯҳ шуданд.
Ҷаноби Амон илова кардааст, ки дар байни афроди кушташудаи “Толибон” панҷ саргурӯҳ низ буданд, ки дар вилоятҳои Зобул, Кобул, Форёб, Балх, Ҳилманд, Фароҳ, Ғазнӣ, Ҳирот ва Қандаҳор кушта шуданд.
Вай афзуд, ки неруҳои амниятии Афғонистон дар ҷараёни амалиёт 59 минаи гузоштаи “Толибон” -ро ошкор ва безарар карданд.
Муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон афзуд, ки дар тӯли 24 соати гузашта “Толибон” як қатор амалиётҳои зидди амниятиро анҷом доданд, аз ҷумла «ҳамлаҳои ногаҳонӣ, тирпаррони бо аслиҳаи вазнин ва сабук, террор, камингузориҳо ва минахобонӣ».
Оқои Амон таъкид кард, ки аксари ҳамлаҳои “Толибон” аз сӯи низомиёни афғон пас зада шуданд.
“Толибон” ҳанӯз дар ин маврид изҳори назар накардаанд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






