60 СОЛИ АВВАЛИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. Ба шарафи ин Рӯзи байналмилалӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамоиш доир мешавад

Апрель 12, 2021 08:56

ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрели соли 2021 аз аввалин парвози инсон ба кайҳон 60 сол сипарӣ мегардад. Ин сана аз соли 1961 то инҷониб дар тамоми дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон таҷлил мешавад. Ба муносибати ин рӯз Институти астрофизикаи АМИТ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамоиш доир менамояд.

Тавре директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кори ҳамоиш кормандони Институт ва мактаббачагон — хонандагони бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд иштирок мекунанд.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои муосир оид ба омӯзиш ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта, роҳҳои ҳалли онҳо, роҳҳои ба ин соҳа ҷалб намудани ҷавонон ва шахсони болаёқат мавриди муҳокима қарор мегиранд. Инчунин хоҳишу дархостҳо барои ба таври васеъ оммафаҳм гардонидани донишҳои астрономӣ дар ҷомеаи мо низ баён мегарданд. Барои шинос шудан бо телескопҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор экскурсия ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин 12 апрел кормандони Институт бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни кафедраи астрономияи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии аввалин парвози инсон ба кайҳон семинари илмӣ- амалӣ доир менамоянд.

«60 сол мешавад, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин дар тамоми рӯи  ҷаҳон ҳамчун якумин кайҳоннавард маъруф аст. Маҳз 12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин дар таърихи башар давраи кайҳоннавардиро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон  башарият дарк кард, ки 12 апрел  ба тараққиёти тамаддуни умумибашарӣ чӣ гуна такони ҷиддӣ гузоштааст»,- иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ин ҳодисаи нодир ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст. Илова бар ин,  7 апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон шуд. Ҳамзамон Ассамблеяи Генералии СММ эътимоди амиқи худро «ба манфиати муштараки инсоният ҷиҳати мусоидат дар омӯзиш ва истифодаи фазои кайҳон, ки мероси тамоми инсоният аст, бо мақсадҳои сулҳомез, васеъ кардани миқёси ин фаъолият ва идома додани талошҳо барои таъмини он ки ҳамаи давлатҳо метавонанд аз имтиёзҳои марбут ба он бархурдор шаванд», эълон кард. Ин қатъномаи СММ  мақоми ҷаҳонии умумибашарии ин ҳодисаро эътироф менамояд, ки бо парвози аввалини инсон ба фазои коинот алоқаманд аст. Маҳз аз ин рӯйдоди таърихӣ омӯхтани фаъоли кайҳон оғоз ёфт, ки дар ин ҷода Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотиро самаранок бурда истодааст.

-Имрӯз, ки 60-умин солгарди ин рӯйдод таҷлил мешавад, набояд  аҳамияти он ва корнамоии Юрий Гагаринро фаромӯш кард. Ҳаёти моро дигар бе алоқаи мобилӣ, Интернет, телевизион ва радио, натиҷаҳои аз масофаи дур санҷидани Замин, воситаҳои ҷойгиршавӣ ва чизҳои дигар тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз натиҷаи тадқиқоти муваффақонаи кайҳон, тасдиқи шумораи зиёди илмии кашфиёт, таҳияҳо, таҷрибаҳо, пешгӯиҳо ва ҳисобҳои назариявӣ далели ин гуфтаҳоянд,-афзуд Гулчеҳра Қоҳирова.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз манбаъҳои боз

Апрель 12, 2021 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд