Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд

Апрель 9, 2021 13:36

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хати нави оби нӯшокиро ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворух боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ оварданд.

Оби нӯшокӣ худҷореъ буда, аз деҳоти Ворух тавассути қубури қутраш 530-миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба масофаи як километр бо қубури қутраш 315-миллиметра ба тарафи чапи дарёи Исфара хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, ба ин ду маҳаллаи деҳоти Ворух дар ҳаҷми 300 метри мукааб об дар як соат интиқол дода мешавад.

Маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда” -и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дорои 8 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим аллакай 340 хонавода бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуданд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.

Хати оби нӯшокӣ бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Корхонаи сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии чарогоҳ ва деҳоти шаҳри Исфараи Муассисаи давлатии сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” кашонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ҷалб шуда буд.

Сарвари давлат аз масъулони соҳа талаб намуданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарҳанги волои истифодаи об миёни сокинонро тақвият бахшанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа аҳолии ду маҳалла, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаву муассисаҳои маъмуриву фарҳангии деҳоти Ворух бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт дастовардҳои зиёд ба миён омадаанд.

Дар доираи иқдомҳои созандагии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили чандинсолаи аҳолии ду маҳаллаи аҳолинишини деҳоти Ворух ҳалли худро пайдо намуд.

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфара 09.04.2021

Апрель 9, 2021 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд