ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бародарон Абдураҳимзодаҳо қариб 2 километр роҳи деҳаи Элоки Файзободро мумфарш карданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сархатиби ноҳияи Файзобод Муҳаммадносир Абдураҳимзода ҳамроҳ бо бародарону падараш ба маблағи 670 ҳазор сомонӣ қариб 2 километр роҳи деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳия мумфарш карда шуд. Инчунин бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ кӯчаҳои ҷамоат чароғон карда шуданд, ки айни замон мушкилоти сокинони ин деҳа бартараф шуда, мардум аз он истифода менамоянд.
Муҳаммадносир Абдураҳимзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки «мо соли гузашта ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сари чашмаи ноҳияи Файзобод ба модари чоргоникҳо Шаҳодат Нуралиева хонаи истиқоматии иборат аз панҷ ҳуҷра бо тамоми лавозимоти зарурӣ ҳадя намудем. Ҳамчунин барои бунёди ошхонаи лагери «Дурахшон» қариб 30 метри кубӣ тахта кумак намудем. Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо имомхатибони дигар дар маркази ноҳия хонаи маъюбон сохта, ба истифода додем, ки айни замон ин қишри осебпазир аз он истифода мебаранд».
Бояд гуфт, ки деҳаи Элок калонтарин деҳаи ноҳияи Файзобод ба ҳисоб рафта, аз ду қисмат иборат мебошад. Барои пайваст намудани Элоки калон бо Элоки поён Муҳаммадносир Абдураҳимзода бо дарозии 12 метр ва паҳноии 4 метр пуле ба истифода дод, ки имрӯзҳо хонандагони муассисаи таълимию сокинони деҳа аз он самаранок истифода мебаранд.
Бародарони саховатманд ният доранд, ки осорхонаи шоири ширинкалом Усмон Шарифзода ва як муассисаи томактабиро дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад






